Анҷоми мусобиқаи футбол дар шаҳри Хоруғ

Анҷоми мусобиқаи футбол дар шаҳри Хоруғ

Дар толори Маҷмааи варзишӣ шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишии футболи хурд миёни маҳаллаҳои шаҳр бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди футбол дар вилоят баргузор карда шуд. 

Дар чорабинии мазкур дастаи Хоруғи боло сазовори ҷойи якум, тими волонтёрони Помир ҷойи дуюм ва варзишгарони дастаи маҳаллаи Тем сазовори ҷойи сеюм гардидаанд. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Федератсияи Футболи Бадахшон баргузор карда шуд. Дар фарҷом ғолибони мусобиқа бо медалу ифтихорнома ва мукофоти пули сарфароз гардонида шудаанд.