Анчелотти бозигарони “Реал Мадрид”-ро ба бозӣ зидди “Арсенал” омода мекунад

Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти дастпарваронашро ба бозии ҷавобии марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо муқобили “Арсенал” омода мекунад. Дар ин бора COPE хабар медиҳад.
Бозӣ дар варзишгоҳи "Сантяго Бернабеу" рӯзи 16-уми апрел баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 23:50 ба вақти Душанбе доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии аввал бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи “Арсенал”-и шаҳри Лондон анҷом ёфта буд. Деклан Райс (ду маротиба) ва Микел Мерино голҳоро ба дастаи “Реал Мадрид” заданд.
Ба иттилои манбаъ, дирӯз, 14-уми апрел, мутахассиси итолиёвӣ дар ҳавасмандгардонии бозингарон махсусан пурқувват буд ва ҳатто ба онҳо садо баланд кард.
Муваффақтарин бошгоҳи Лигаи Чемпионҳо ин “Реал Мадрид” аст, ки 15 маротиба ғолиби ин мусобиқа шудааст.