Анчелотти: "Мо дар финал “Барселона”-ро мағлуб мекунем”
Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти дар бораи бозии ниҳоии Суперҷоми Испания бо “Барселона” изҳори назар кард.
“Эл-класико дар вақтҳои охир ҳамеша пешгӯинашаванда буд. Вохӯрихое буданд, ки мо ба осонӣ ғалаба кардем, боз вохӯриҳое ҳам буданд, ки онҳо моро ба осонӣ шикаст доданд. Бозиҳои мушил низ дар ин миён буданд.
Финал чӣ гуна хоҳад буд, тасаввур кардан душвор аст, аммо ҷолиб хоҳад буд, зеро дар майдон истеъдодҳои зиёде хоҳанд буд. Ман намедонам, ки ҳама чиз чӣ гуна мешавад. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки “Барселона”-ро шикаст диҳем”- фишурдаи суханҳои Анчелоттиро дафтари матбуотии бошгоҳи шоҳонаи иқтибос овардааст.
Вохӯрии финалӣ миёни дастаҳо рӯзи 12-уми январ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки охирин бозии “Реал Мадрид” ва “Барселона” дар Ла Лига моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Мадрид бо ҳисоби 0 бар 4 ба фоидаи каталониҳо анҷом ёфта буд. Охирин бозии дастаҳо дар финали Суперҷоми Испания моҳи январи соли 2024 ба фоидаи “Реал Мадрид” бо ҳисоби 4 бар 1 анҷом ёфта буд.