Анчелотти, Зидан, Энрике ва Моуринйо — номзадони асосӣ барои сармураббии мунтахаби Бразилия

Анчелотти, Зидан, Энрике ва  Моуринйо — номзадони асосӣ барои сармураббии  мунтахаби Бразилия

Барои вазифаи сармураббии тими миллии Бразилия чаҳор номзад пешбарӣ шудааст.

Ба гуфтаи Cadena Ser, Карло Анчелотти, Жозе Моуринйо, Зинедин Зидан ва Луис Энрике метавонанд тими миллии Бразилияро сарварӣ кунанд.

Қаблан ба феҳристи номзадҳо Пеп Гвардиола ва Юрген Клопп шомил буданд, аммо ҳоло ин мутахассисон ба нақшаҳои Конфедератсияи футболи Бразилия (CBF) шомил нестанд.

Ҳарчанд ҳоло Анчелотти дар  “Реал Мадрид”  кор мекунад ва Моуринйо дар “Рома” то ҷое  гуфтушунидҳои эҳтимолиро мушкил мекунад. Зидан ҳоло ба бозгашт ба кор чандон манфиатдор нест. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама довталаби барҷаста ба вазифаи мураббии мунтахаби Бразилия ин Луис  Энрике аст.

Тавре зикр гардид, президенти CBF - Эдналдо Родригес бар ин назар аст, ки ба тими миллӣ на мураббии маҳаллӣ, балки мураббии хориҷӣ бештар кӯмак карда метавонад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз мағлубият дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Ҷаҳон аз Хорватия сармураббӣ Тите тими миллии Бразилияро тарк кард.