Анчелоттии 65-сола сирри сақич хоиданашро ифшо кард
Агар шумо мушоҳида карда бошед, мутахассиси маъруфи итолиёвӣ ва сармураббии бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти дар рафти бозиҳо сақич хоиданро бештар мекунад. Дар як мусоҳиба Анчелотти гуфт, ки чаро ӯ ҳамеша вақти бозиҳо сақич хоиданро бештар мекунад.
"Ин танҳо як роҳи рафъи ҳаяҷон (стресс) аст. Баъзеҳо маро барои ин танқид мекунанд, аммо барои ман ин як роҳ аст... Чунки вақте ки бозӣ сар мешавад, набзи ман то 120 зарба дар як дақиқа зиёд мешавад ва ҳоло он 63 аст. Шояд хоидан ба ман кумак кунад”, - нақл мекунад Mundo Deportivo аз суханони Анчелотти.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи кории мутахассиси 65-сола бо бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” то тобистони соли 2026 баста шудааст.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки "Реал Мадрид" Хаби Алонсоро, ки ҳоло сармураббии “Байер”-и Леверкузен аст, ба унвони ҷойгузини эҳтимолии Анчелотти баррасӣ мекунанд.