Ҳандбол намуди варзиши олимпӣ

Ҳандбол намуди варзиши олимпӣ

Мусобиқа оид ба ҳандбол бори аввал дар Бозиҳои олимпии Берлин-1936 доир гашт ва аз соли 1972 (бозиҳои Мюнхен) ба барномаи бозиҳо ворид карда шуд. Рақобатҳо аввал миёни мардон сурат гирифт ва аз олимпиадаи соли 1976 дар Монтреал миёни бонувон низ доир мегардад.

Мусобиқа соли 1936 дар формати 11х11 сурат гирифт ва баъдан дар формати 7х7 баргузор мешавад.

Тӯби дастӣ ё ба истилоҳ гандбол яке аз бозиҳои рушдёфта дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки варзишгарони ноҳия пайваста дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ шарафёб мегарданд.

Варзишгарони ноҳияи Ҳамадонӣ дар соли 2020 то давраи таътили муваққатӣ дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Ба хусус дар намуди тӯби дастӣ, ки яке аз намудҳои варзишӣ рушдёфта дар ноҳияи Ҳамадонӣ арзёбӣ карда мешавад, шумораи зиёди наврасону ҷавонон ҳамарӯза ба машқу тамрин ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ҷалб мешаванд. Ба рушду густариши ин риштаи варзиш дар ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида дар баробари ҷавонон ҳамчуни наврасон низ ба ин риштаи варзиш ҷалб шудаанд. Дастоварди варзишгарони ноҳия аз рӯи ин риштаи варзиш дар мусобиқаҳои сипаригардида назаррас буда мақсад доранд, ки бозҳам ба натиҷаҳои баландтар ноил шаванд.