Андони Ираола сармураббии нави “Ливерпул” мешавад
Бошгоҳи “Ливерпул” бо мутахассиси испанӣ Андони Ираола оид ба ҳамкорӣ ба тавофуқи шифоҳӣ расидааст. Дар ин бора хабарнигори маъруфи нашрияи The Athletic Дэвид Орнштейн иттилоъ додааст.
Тибқи маълумоти манбаъ, шартномаи пешниҳодшуда то тобистони соли 2028 амал хоҳад кард. Мутахассиси 43-сола ният дорад ҳайати ситоди мураббиёнашро низ ба “Энфилд” биёрад. Ба ҳайати ёварони ӯ Пабло де ла Торре, Томми Элфик, Шон Купер ва Том Уэббер шомил хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ки роҳбарияти “Ливерпул” таъйини расмии Ираоларо то охири ҳафтаи ҷорӣ эълон мекунад.
Пеш аз ин бошгоҳи шаҳри Ливерпул аз анҷоми ҳамкорӣ бо сармураббии нидерландӣ Арне Слот хабар дода буд. Акнун роҳбарияти даста тасмим гирифтааст, ки лоиҳаи навро бо роҳбарии Андони Ираола оғоз намояд.
Ираола дар солҳои охир бо кори муваффақаш дар “Борнмут” таваҷҷуҳи бисёр бошгоҳҳои бонуфузи Аврупоро ба худ ҷалб карда буд. Услуби ҳамлагарона ва фишоровари дастаҳои ӯ боис шуд, ки мутахассиси испанӣ ҳамчун яке аз мураббиёни ояндадори футболи Аврупо эътироф гардад.
Ҳоло мухлисони “Ливерпул” интизоранд, ки Ираола расман муаррифӣ шуда, омодагии даста ба мавсими нави рақобатҳоро оғоз намояд.