Андреас Инйеста ба “Барселона” бармегардад...

Андреас Инйеста  ба “Барселона” бармегардад...

Нимҳимоятгари дастаи  «Виссел Кобе» - Андреас Инйеста тобистони имсол тарки бошгоҳи ҷопонӣ мекунад. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи «Виссел Кобе» хабар дод.   

Инйестаи 39 сола аз соли 2018 инҷониб дар ҳайати бошгоҳи «Виссел Кобе» бозӣ мекунад. Якҷоя бо даста, ӯ Ҷом ва Суперҷоми Ҷопонро ба даст овардааст. 

Инйеста  дар ин мавсим 5 бозӣ анҷом додааст. Шартномаи футболбози афсонавӣ бо бошгоҳ  то 31 –уми январи соли 2024 амал мекард.

Дар умум Инйеста дар ҳайати “Виссел Кобе”  113 бозӣ карда,  ба задани 26 гол ва  25 ассист ноил гардидааст.

Шояд Андреас Инйеста  бо ягон дастаи дигар шартнома бандад ва ё  ба ҳайати мураббиёни Хави дар “Барселона”  шомил шавад.