Андрес Инйеста шикампарвар не, бозисоз буд!

Андрес Инйеста шикампарвар не, бозисоз буд!
Шавқи футболбозӣ дар вуҷуди ман ҳар мавсим аз нав зинда мешавад. Ҳар мавсим назди худ вазифаи ҷадид мегузорам, зеро корномаи футболбоз умри ниҳоят кӯтоҳ дорад. Ба ҳамин хотир, футболбозро зарур аст, аз ғами шикам хӯрдан, бештар ба фикри бозӣ бошад.

Андрес Инеста

Суханони тиллоии ҳамдастагон дар васфи Инйеста:
1. Бозӣ кардан бо ӯ лаззати дигар дорад (Хави Эрнандес).
2. Агар дар футбол сеҳргаре бошад, бе муҳобо он Инеста асту бас (Жерар Пике).
3. Ӯ бозингари бисёр боистеъдод аст ва дилхоҳ вазъиятро дигар карда метавонад (Педро).
4. Танҳо касе бузургии ӯро эътироф мекунад, ки бо ӯ солҳои сол дар як сангар буд (Серхио Бускетс).
5. Барои ман ӯ Андрес не, балки Абарандрес аст (Дани Алвес).

ГОЛИ ТАЪРИХИЕ, КИ ИСПАНИЯРО ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН КАРД

1-уми июл. Ҷоми ҷаҳони соли 2010. Африқо. Дар финал Нидерланд ва Испания рӯёрӯи ҳам қарор доранд. Дақиқаҳои охири бозӣ паси сар мешаванд, аммо ҳисоб то ҳол кушода нашудааст.
Торрес Фабригас, партофти ӯ ба Инеста ва гол. Бале - бале ин гол аст. Билохир, Инйеста тилисми дарвозаи Нидерландро шикаст. Ӯ як тим як миллат ва як давлатро чемпиони ҷаҳон кард.

БОРИ ЯК ДАСТАРО БА ДӮШ ДОШТ

Андрес Ийнеста бидуни шакку муболиға дар олами футбол беҳамтост. Чолокӣ ва техникаи фавқулодааш ҳамеша бори гарони абардастае бо номи “Барселона”-ро солҳои сол мекашиду ҳаргиз эҳсоси хастагӣ намекард. Номи ин бозингар борҳо дар байни номзадҳо ба унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон ва муддаии асосии тӯби тиллоӣ садо медод. Аммо сабабу омилҳои номаълум борҳо ин нобиғаи майдони сабзро аз гирифтани тӯби тиллоӣ маҳрум мекард. Имрӯз шахсияти Андрес шабеҳи дурдонаи гаронбаҳоест, ки ҳамеша байни уқёнуси пурталотуми футбол рахшандагӣ мекунад. Мо дар нашри нави саҳифаи “Ситорагони варзиш”-и рӯзнома тасмим гирифтем, ки дар бораи рушди корномаи ин сеҳргари футбол сухан ронем.



ЗИНДАГИНОМА

Андрес Инйеста Лухан 11 майи соли 1984 дар Испания - дар музофоти Албасете таваллуд шудааст. Писарак аз хурдӣ бо тӯб бозӣ карданро дӯст медошт. Аммо ин амалашро волидон ҳамчун шуғли дӯстдоштаи кӯдакӣ мефаҳмиданд. Бо гузораи вақту фурсати муайян падар фаҳмид, ки писараш унсурҳои футболро бисёр хуб иҷро мекунад ва тӯброниаш ғайриодиву диққатҷалбкунанда аст. Модар - Мария ва Падар - Хосе Антонио одамони сарватманд набуданд, онҳо ҳамчун пешхизмат кор мекарданд. Ва барои ба як академияи ҷиддии футбол ҷалб кардани фарзандашон маблағи зиёде лозим буд. Падари варзишгар барои харидани танҳо як пойафзоли варзишӣ се моҳ маошашро пасандоз карда буд. Тавре Инеста дар хотироташ менависад, то ҳол он пайафзолро маҳфуз доштааст, зеро барояш боарзиштарин туҳфа аз боарзиштарин нафар маҳсуб меёбад.

ДАСТАИ БАЧАГОНАИ “АЛБАСЕТЕ”

Фаъолияти футболбозии хешро Андрес аз 8-солагӣ дар дастаи бачагонаи “Албасете” оғоз намудааст. Дар мавсими аввали пайвастанаш ба ин бошгоҳ худро бисёр хуб нишон дода, капитани даста интихоб гардид. Пойгоҳи даста 500 км дуртар аз зодгоҳи варзишгар қарор дошт. Ба ҳамин хотир, будубоши Инестаи наврас дар хобгоҳи даста сипарӣ мешуд. Инйеста дар ин бошгоҳ чор сол фаъолият кард, яъне то он замоне, ки ба буҳрони иқтисодӣ гирифтор шуд.



“БАРСЕЛОНА” ВА ШУҲРАТИ БЕМИСЛИ ИНЕСТА

Ҳангоми дар “Албасете” фаъолият намудани Инестаи бомаҳорат, ҳайати мураббиёни дастаи “Барселона” ба ӯ бо чашми харидорӣ менигаристанд. Акнун, ки ӯ бозингари озод буд, фурсати хубе барои “Барса” фароҳам омад, то як дурдонаи футболро ба академияи хеш ҷалб намояд ва ҳамин тавр, соли 1996 Инеста ба академияи “Барселона” - “Ла Масия” даъват шуд, ки ҳамагӣ дувоздаҳ сол дошт. Аввал модари варзишгар намехост, ки дигар писараш дур аз онҳо бошад, аммо падари хирадмандаш ҳамсарашро бовар мекунонд, ки ин беҳтарин имконият барои Инйестаи ташнаи футбол дар роҳи расидан ба қуллаи мақсуд аст.

Худи ӯ гуфтааст: “Моҳи аввали ба “Барса” пайвастанам бисёр душвор оғоз гардид, муҳити нав, одамони нав, дурӣ аз волидон бисёр гарон буд. Рӯзҳои истироҳат ба хона мерафтам ва аз он ҷо гирякунон ба академия меомадам, аммо бо мурури замон ин макон бароям муқаддастарин ҷой гардид, ки ҳамакнун аз ин ҷо гирякунон берун меравам”.

Соли 1999 дар финали ҷоми Аврупо байни наврасон Инйеста голи фавқулода ва ғалабаоварро ба самар расонид, ки мухлисони дар майдонбуда ба эҳтиромаш рост истода, каф мекуфтанд. Дар он мусобиқа Инеста имкон пайдо намуд, ки нахустин маротиба бо бозингари рӯъёҳои хеш Хосеп Гвардиола мулоқот намояд.

Бозии муҷалло ва фиребои Инйеста боис гашт, ки соли 2001 мураббии дастаи каталони Сера Ферер ӯро ба ҳайати асосии даста ҷалб намуд. Футболбоз замоне ба ҳайати асосии “Барса” пайваст, ки ҳамагӣ 17 сол дошт. Дар чунин синну сол табиист, ки бетаҷрибагӣ монеи пешрафт мегардад, аммо Андресро бозингари даста Луис Энрике ёвару мададгор буд. Баъдан ҳайати мураббиён Хавиро ба ҳайат ворид намуданд, ки дигар ин ду бозингари беҳамто дилхоҳ дастаро торумор мекарданд.

Соли 2003 мураббии ҷадиди даста Франк Райкар Роналдиниёи беҳамторо ба “Барса” овард. Акнун Роналдинио, Инйеста ва Хави ба истилоҳи собиқ мураббии “Барселона” Хосеп Гвардиола бисёриҳоро ба нафақа равон карданд.

То соли 2006 фаъолияти Инйеста, чи дар ҳайати мунтахаб ва чи дар ҳайати “Барса”, оливу фавқулода буд, аммо бо сабабҳои бисёр нигоҳ доштани ӯ дар ҳайати захиравӣ, наметавонист худро ба таври дилхоҳ нишон диҳад, ки ин омил на ба корномаи бозингар, балки ба рафти бозии “Барселона” низ таъсири манфӣ гузошт.



Мавсими соли 2008 роҳбарияти даста Рейкардро аз мақом барканор намуда, ба ҷойи ӯ идеали Инйеста.  Хосеп Гвардиоларо мураббии даста таъин намуданд. Бе муболиға метавон гуфт, ки омадани Гвардиола ба даста ҳам ба Инйеста ва ҳам ба “Барса” эҳёи дигарбора бахшид.

“Ӯ ба ман кӯмак кард, то футболро бештар фаҳмам ва бо бачаҳои “Барселона” забон ёбам. Бе муболиға гуфта метавонам, ки 15 соли охири “Барса”-ро бе Андрес тасаввур кардан шармовар аст. Футбол дар ҳаёти ӯ фаротар аз ҳар чиз аст. Ба ҳамин хотир, мухлисони футбол ӯро на барои тарҳи зебои мӯй ва на барои холкӯбии фавқулодааш, балки барои бозии зебою муҷаллояш мешиносанду эҳтиромаш мекунанд”, - гуфтааст Гвардиола.

Гвардиола баъди ба маснади мураббигӣ нишастан, техника ва тактикаи бозии “Барса”-ро куллан дигар кард. Дар даста Хави ва Инйеста бозингарони калидӣ ва бозисоз ба шумор мерафтанд. Соли 2008 Гвардиола барои пур кардани канори холии Хави ва Инеста Серхио Бускетсро ба даста ҷалб намуд. Акнун бо омадани Бускетс гӯё Инйеста ҷони тоза гирифт ва ба самар расонидани голи ғалабаовараш ба дарвозаи Челси дар финали Лигаи чемпионҳо, ки “Барса”-ро Чемпиони Аврупо кард, далели ин гуфтаҳост.



ГОЛИ ТИЛЛОӢ

Корномаи бузурги дигари Инйеста, ки мухлисони футбол фаромӯш карда наметавонанд, ин ба самар расонидани голи ғалабаовар дар финали Ҷоми ҷаҳони соли 2010 ба дарвозаи тими миллии Нидерланд  ба ҳисоб меравад. Баъди ба самар расонидани голи ба истилоҳ тиллоӣ Инеста нимтанаи худро бадар кард, ки дар нимтанаи зераш ёдномае аз дӯсти марҳумаш - капитани дастаи “Испаниол” Дани Харке бо истилоҳи “Дани Харке ҳамеша бо мост” дарҷ гардида буд, ки ҳатто ашки рақибонро ҷорӣ кард.

“Вақте ба дарвозаи рақиб наздик шудам, гӯё ба гӯшҳоям қулф зада бошанд, ки ҳеҷ чизро намешунидам. Ба назарам ғайр аз дарвоза дигар касеву чизе наменамуд, ҳатто будани дарвозабонро эҳсос намекардам. Ба дарвоза наздик шуда, беихтиёрона тӯбро равон кардам ва кор бо ҳамин тамом. Мо аллакай чемпион шуда будем”, - ёд меорад Андрес Инеста пас аз бозӣ.

ХАЙРБОД

27 апрел барои мухлисони “Барселона” шумтарин рӯз боқӣ хоҳад монд, зеро дар ин рӯзи соли 2018 нобиғаи ҳақиқии даста Андрес Инйестаи беҳамтову нотакрор корномаашро дар ин бошгоҳ ба итмом расонид. Он рӯз барои гусели Инйеста ҳазорон ҳаводораш ба майдони бизурги “Камп Ноу” рехта буданд ва охирон бор Инйестаро дар майдон дидан мехостанд. Ба хотири эҳтироми ин бозингари беҳамтову мӯъҷизаофар ҳамдастагонаш аз ду ҷониб девори ифтихорӣ сохта буданд.

Он рӯз аз худи Инйеста сар карда, ҳама ашк мерехтанд. Охирин суханони Инйеста дили ҳар бинандаву шунавандаро реш кард, ки гуфта буд:
“Имрӯз рӯзи душвор аст, аммо ман 22 соли пурифтихору аҷибе дар ин майдон сипарӣ намудам. Ман ҳар боре пироҳани зебову рангини “Барселона”-ро ба бар мекардам, худро хушбахттарини олам меҳисобидам. Ҳамакнун вақти он расидааст, ки ин пироҳани зебо тани бозингарони ҷавонро зеб диҳад.

 Дар ин баробар, ман ба ҳар як ҳамдастаам сидқан изҳори миннатдорӣ мекунам. Ман ҳамаи шуморо хеле пазмон мешавам, дӯстонам. Ба мухлисон барои ҳама муҳаббати бендоза ва маро дар ин ҷо ҳис карданашон ташаккур мегӯям. Ман ҳамчун писарбачаи хурду бетаҷриба ба ин ҷо омадам, ҳамакнун чун марди вораставу ботаҷриба аз ин ҷо меравам. Шумо ҳамеша дар қалби ман боқӣ хоҳед монд”.



Пас аз хотимаи корномаи варзишӣ дар “Барселона”, Андрес ба дастаи Ҷопонии “Висел Кобе” гузашта, то соли 2023 он ҷо чун капитани даста фаъолият намуд ва мавсими гузашта ба бошгоҳи “Иморот”-и АМА шартномаи яксола ба имзо расонид.
Аввали моҳи октябри соли равон Инйеста дар 40-солагиаш эълон намуд, ки аз олами футбол ба таври ҳамешагӣ канор меравад. Ин пайғом барои мухлисони варзишгар ғамангезтарин пайғом бобати корномаи ин нобиғаи футбол буд, ки ҳазорон мухлисашро дар сартосари ҷаҳон ба гирдоби андӯҳ ғуттавар сохт.



Дар васфи Инйеста агар тамоми суханони беҳтарини дунёро гӯем, боз ҳам нокифоя аст. Фақат ҳаминро метавон гуфт, ки ӯ дар зеҳни мухлисони хеш беҳтарин футболбоз, беҳтарин капитан ва муҳимтар аз ҳама, беҳтарин инсон боқӣ хоҳад монд.

Муаллиф: Яҳё Маҳмаднабиев