Андрей Рублёв унвони 15-уми қаҳрамониро дар мусобиқаҳои ATP ба даст овард

Андрей Рублёв унвони 15-уми қаҳрамониро дар мусобиқаҳои ATP ба даст овард

Рӯзи 7-уми январ дар финали мусобиқаи Ассотсиатсияи тенниси касбӣ (ATP) дар Ҳонконг Андрей Рублёви рус бар Эмил Руусувуории финландӣ пирӯз шуда, унвони аввалинашро дар соли 2024 ба даст овард.

Вохӯрии финалӣ миёни теннисбозон рӯи корт 1 соату 18 дақиқа давом карда, бо ҳисоби 6:4, 6:4 ба фоидаи теннисбози рус анҷом ёфт.

Барои Андрей Рублёв ин ғалаба дар мавсими соли 2024 аввалин ва 15-умин дар мусобиқаҳои яккасаи ATP буд. Илова бар ин, ӯ чор маротиба дар мусобиқаи ҷуфтӣ унвони қаҳрамонӣ гирифтааст. Дар айни замон, теннисбози рус дар рейтинги ATP дар ҷои панҷум аст.

Қаблан дар мусобиқаи Ҳонконг - Андрей Олховскийи рус соли 1996 дар ғолиб шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизаи мусобиқаи ATP 250 Ҳонконг 660 ҳазор долларро ташкил медод.