Андрей Шевченко - беҳтарин мураббии сол

Андрей Шевченко - беҳтарин мураббии сол

Андрей Шевченко сармураббии тими мунтахаби Украина беҳтарин мураббии сол дар ин кишвар эълон гардид. Ӯ ин ҷоизаро дар маросими “Ситораҳои футболи Украина-2019” соҳиб шуд. Инчунин барои соҳиб шудани ин ҷоиза сармураббии дастаи “Заря” - Виктор Скрипник ва Александр Петраков, ки бо мунтахаби Украина U 20 қаҳрамони ҷаҳон гардида буд, муддаии асосӣ ба ҳисоб мерафтанд. Бо роҳбарии Шевченко тими миллиии Украина роҳхати бозиҳои гурӯҳии Евро-2020-ро соҳиб гардида буд.