Андрей Шевченко дар футболи Украина вазифаи нав гирифт

Андрей Шевченко дар футболи Украина вазифаи  нав гирифт

Барандаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 2004 ва легандаи дастаи «Милан» - Андрей Шевченко президенти нави Ассотсиатсияи футболи Украина интихоб шуд.

Шевченко ягона номзад ба ин вазифа буд. Хамаи аъзоёни конгресс ба тарафдории интихоби ӯ овоз доданд. Қаблан ин мақомро ноиби президенти УЕФА - Андрей Павелко бар ӯҳда дошт, ки бо гумони фасодкорӣ дар боздошт қарор дорад.

Аз соли 2016 то соли 2021 Андрей Шевченко сармураббии тими миллии Украина буд. Ӯ тими миллии Украинаро то чорякфиналии Чемпионати Аврупо-2020 роҳбарӣ кард. Баъд аз нокомиҳо ӯ сармураббии дастаи "Женоа" шуд.

Ҳамчун футболбоз Шевченко ба ҷуз аз “Милан” дар дастаҳои «Челси» ва «Динамо»-и Киев бозӣ кардааст. Шевченко дар ҳайати мунтахаби Украина 111 бозӣ анҷом дода, 48 гол задааст.