Анге Постекоглу сармураббии “Тоттенхэм” интихоб гардид

Анге Постекоглу сармураббии дастаи “Тоттенхэм” интихоб гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Лондон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ бо мутахассиси австралиягӣ шартномаи чаҳорсола ба имзо расонида шуд. Рӯзи 1-уми июл Постекоглуи 57 сола дар "Тоттенхэм" ба кор шурӯъ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Постекоглу аз соли 2021 то ба наздикӣ дар ҳайати дастаи «Селтик» кор мекард. Дар мавсими гузашта, дастаи ӯ қаҳрамони Шотландия шуда, инчунин Ҷом ва Суперҷоми кишварро ба даст оварда буд.