Англия бо ғалабаи боварибахш Ҷоми ҷаҳонро оғоз кард

Англия бо ғалабаи боварибахш  Ҷоми ҷаҳонро оғоз кард

Дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 мунтахабҳои Англия ва Хорватия дар варзишгоҳи “Эй-Ти-энд-Ти”-и шаҳри Арлингтони иёлати Техаси ИМА ба ҳам омаданд. Ин бозии пурҳаяҷон бо пирӯзии мунтахаби Англия бо ҳисоби 4:2 анҷом ёфт.

Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 12-ум кушода шуд. Ҳамлагари тими мунтахаби Англия Ҳарри Кейн зарбаи пеналтиро бехато иҷро намуда, тими худро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 36-ум нимҳимоятгари Хорватия Мартин Батурина ҳисобро баробар кард.

Аммо дар дақиқаи 42-юм Ҳарри Кейн боз як гол зада, дублро ба номи худ сабт кард ва Англияро дубора пешсаф намуд. Пеш аз анҷоми қисми аввал, дар дақиқаи 45+5 ҳамлагари тими Хорватия Петар Муса гол зада, ҳисобро баробар кард.

Қисми дуюм барои англисҳо бобарор оғоз шуд. Дар дақиқаи 47-ум ситораи ҷавони даста Ҷуд Беллингем гол зада, Англияро боз ба пеш баровард. Нуқтаи ниҳоиро дар ин рақобат ҳамлагар Маркус Рашфорд гузошт, ки дар дақиқаи 85-ум голи чаҳоруми тими худро ба самар расонд.

Бо ҳамин, мунтахаби Англия Чемпионати ҷаҳон-2026-ро бо пирӯзии арзишманд оғоз карда, се имтиёзи аввалини худро ба даст овард.

Дар даври дуюми гурӯҳи “L”, Англия рӯзи 23 июн бо мунтахаби Гана бозӣ мекунад, дар ҳоле ки Хорватия рӯзи 24 июн бо тими Панама қувва меозмояд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 аз 11 то 27 июн идома мекунад ва аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, инчунин ҳашт дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.