Англия бо мушкили Мексикаро мағлуб карда, ба марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Субҳи имрӯз, бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 миёни мунтахабҳои Мексика ва Англия баргузор шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи машҳури “Астека”-и шаҳри Мехикои Мексика доир гардида, бо пирӯзии англисҳо бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт.
Қаҳрамони асосии бозӣ нимҳимоятгари ҷавони тими миллии Англия Ҷуд Беллингем гардид, ки ду гол ба самар расонд. Беллингем дар дақиқаҳои 36-ум ва 38-ум дарвозаи Норвегияро рахна кард. Ҳарри Кейн голи сеюми мунтахаби Англияро дар дақиқаи 60-ум аз зарбаи пеналтӣ ба самар расонид.
Аз ҳайати мунтахаби Мексика голҳоро Хулиан Кинйонес дар дақиқаи 42-юм ва Раул Хименес дар дақиқаи 69-ум аз зарбаи пеналтӣ ба қайд гирифтанд.
Англия аз дақиқаи 54-ум бо як нафар камтар бозӣ кард. Ҳимоятгар Ҷаррелл Куанса корти сурхи мустақим гирифта, аз майдон хориҷ шуд, аммо ҳатто бо 10 нафар ҳам англисҳо тавонистанд бартарии худро ҳифз кунанд.
Бо ин пирӯзӣ мунтахаби Англия ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва рӯзи 12 июл бо мунтахаби Норвегия, ки қаблан Бразилияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд, барои роҳхат ба ниманиҳоӣ мубориза мебарад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Аргентина аст.