Англия бори аввал дар таърих аз тими қораи Осиё мағлуб шуд
Мунтахаби Англия дар бозии дӯстона аз тими Ҷопон шикаст хӯрд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и шаҳри Лондон баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.
Бино ба маълумоти расонаи The Athletic, ин аввалин шикасти таърихии мунтахаби Англия аз дастаи қитъаи Осиё ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, англисҳо акнун аз мунтахабҳои ҳамаи қитъаҳо мағлуб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин бохти Англия аз тими аврупоӣ ҳанӯз соли 1874 аз Шотландия сабт шуда буд. Аз мунтахаби Амрикои Шимолӣ онҳо соли 1950 аз ИМА, аз Амрикои Ҷанубӣ соли 1953 аз Уругвай, аз Уқёнусия соли 2003 аз Австралия ва аз Африқо соли 2025 аз Сенегал шикаст хӯрда буданд.
Ин натиҷа ҳамчун як рӯйдоди таърихӣ дар футболи Англия сабт гардид.