Англия соҳиби медалҳои биринҷии Ҷоми ҷаҳонии 2026 шуд
Мунтахаби Англия дар бозӣ барои ҷойи сеюм бо ҳисоби 6:4 бар Фаронса пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Хард Рок”-и шаҳри Майамии ИМА баргузор гардида, тамошобинон шоҳиди задани 10 гол шуданд. Ин серголтарин бозии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 буд.
Қаҳрамони асосии бозӣ Букайо Сака буд, ки хет-трик ба самар расонд. Голҳои дигари Англияро Деклан Райс, Эзри Конса ва Ҷуд Беллингем заданд.
Аз ҳайати Фаронса Килиан Мбаппе дубл кард ва шумораи голҳои худро дар таърихи Ҷоми ҷаҳон ба 22 расонида, аз рӯи ин нишондиҳанда аз Лионел Месси (21) пеш гузашт. Мбаппе ҳамчунин бо 10 гол дар садри рӯйхати беҳтарин голзанони Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 қарор гирифт. Голҳои дигари Фаронсаро Брэдли Баркола ва Усмон Дембеле ба самар расонданд.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии Англия пас аз қаҳрамонии соли 1966 бори аввал соҳиби медалҳои биринҷии Ҷоми ҷаҳонии футбол гардид.