Ҳангома дар Ҷоми Олмон

Ҳангома дар Ҷоми Олмон

Дар бозии даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Олмон “Бавария” аз намояндаи Бундеслигаи дуввум “Ҳолштейн Кил” мағлуб шуд.
Вақти асосӣ ва изофаи рақобат бо ҳисоби 2:2 хатм гардид. Дар иҷроиши силсилазарбаҳои пеналти “Ҳолштейн Кил” ғалаба карда, тавонист, ки ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Олмон роҳ ёбад.
“Бавария Мюнхен” қаҳрамони феълии мусобиқа ба ҳисоб меравад. Мюнхениҳо дар таърихи худ 20 маротиба ҷоизаро ба даст овардаанд. 
“Ҳолштейн Кил” – “Бавария Мюнхен” 2:2. (пеналти - 6:5)
Голҳо: Бартелс, 37, Вал, 90 - Гнабри, 14, Зане, 47.