Ҳангоми бозӣ VAR ногаҳон аз кор монд

Ҳангоми бозӣ VAR ногаҳон аз кор монд

Дар бозии даври дуюми чемпионати Арабистони Саудӣ миёни дастаҳои “Ал Наср” ва “Ал Фотеҳ” довар натавонист аз низоми VAR истифода барад. Довар мехост, ки голи задаи мизбононро такроран дида амин шавад, ки он бе қоидашиканӣ ба ҳадаф расидааст. Аммо ӯ натавонист саҳнаи такрории ҳамон лаҳзаро бинад. Сабаб дар он буд, ки яке аз коргарони варзишгоҳ ноқили мониторро барои қувва додани телефони мобилиаш аз шабаки умумӣ кандааст. Ҳисоби бозӣ 1 бар 0 ба нафъи “Ал Наср” бо голи задаи Фирас ал-Бурайкон хотима ёфт.

Ин ҳодиса зуд дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, боиси хандахариш шуд. Роҳбари кумитаи доварони футболи Арабистони Саудӣ пас аз муҳокимаи ин ҳодиса, дар бораи он чунин ибрози назар кард: “Бале технологияҳои VAR баъзан аз аз кор мебароянд. Мо ҳама корро анҷом медиҳем то он бе иштибоҳ кор кунад”. Аз ин суханҳо бармеояд, ки нисбати гунаҳгор ягон муҷозот андешида намешавад. Футбол футболу, телефонро қувват додан зарур.