Антуан Семенйо ба “Манчестер Сити” мегузарад
Бошгоҳи “Манчестер Сити” имкони пурзӯр кардани хатти ҳамларо дар равзанаи трансфери зимистона баррасӣ дорад. Тавре ки нашрияи The Times хабар медиҳад, “шаҳриҳо” дар бораи ҷалби ҳамлагари 25-солаи тими “Борнмут” — Антуан Семенйо дар моҳи январ фикр мекунанд.
Тибқи иттилои манбаъ, “Манчестер Сити” метавонад имкони хариди ҳамлагари тими миллии Ганаро, ки дар шартномааш бо “Борнмут” зикр шудааст, фаъол созад. Дар ин сурат, “шаҳриҳо” барои ин трансфер тақрибан 74 миллион евро пардохт хоҳанд кард.
Семенйо аз моҳи январи соли 2023 ба ҳайси бозигари “Борнмут” фаъолият мекунад. Зимистони соли 2020 Семенйо аз “Бристол Сити” бо маблағи 10,25 миллион евро ба “Борнмут”гузашта буд. Дар ин мавсим ӯ дар 12 бозии лига шаш гол ва се партофти головар анҷом додааст.