Антуан Семенйо бо “Ман Сити” то соли 2031 шартнома имзо кард

Антуан  Семенйо бо “Ман Сити” то соли 2031 шартнома  имзо кард

Дастаи “Манчестер Сити” дар сомонаи расмии худ аз гузариши вингери ганагӣ Антуан Семенйо аз “Борнмут” хабар дод. Ҷонибҳо шартномае ба муҳлати панҷуним сол ба имзо расонданд.

Тибқи иттилои расонаҳо, арзиши трансфер 75 миллион евро арзёбӣ мешавад. Вингери ганагӣ барои пайвастан ба “Манчестер Сити” пешниҳодҳои чаҳор клуби Премйер-Лига — “Челси”, “Тоттенхэм”, “Ливерпул” ва “Манчестер Юнайтед”-ро рад кардааст. Омили калидӣ дар анҷоми ин гузариш хоҳиши худи бозигар будааст. Семенйо хоҳиши бозӣ зери роҳнамоии мутахассиси испанӣ Хосеп Гвардиоларо доштааст.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷории Премйер-Лигаи Англия Антуан Семенйои 25-сола , дар 20 бозӣ иштирок намуда, 10 гол ва 3 ассист анҷом додааст.