Ҷаред Андерсон пас аз бохти ҳангомавӣ ба ринг бармегардад!

Ҷаред Андерсон  пас аз бохти ҳангомавӣ ба ринг бармегардад!

Муштзани сангинвазни амрикоӣ Ҷаред Андерсон рӯзи 14 -уми феврал дар майдони машҳури “Мэдисон Сквер Гарден”-и шаҳри Ню – Йорки Амрико ба ринг бармегардад. Дар муҳорибаи иборат аз 10 раунд рақиби ӯ ҳамватанаш Мариос Коллиас хоҳад буд. Дар ин бора Boxing News 24 хабар додааст.

Қобили зикр аст, ки Андерсон охирон муҳорибаи худро моҳи августи соли 2024 баргузор кард ва онҷо ба таври ҳангомавӣ дар раунди 5-ум аз сӯи ҳарифаш Мартин Бакол ба нокаут равон карда шуда буд. Иввалин бохт дар фаъолияти ӯ маҳсуб меёбад.

Ёдовар мешавем, ки Андерсон 18 муҳориба анҷомдода, 17 пирӯзӣ дар ҳисоб дорад, ки 15 –тоаш пеш аз муҳлат ба қайд гирифта шудааст.