Аргентина ба даври плей-оффи ҶҶ роҳ ёфт!

Аргентина ба даври плей-оффи ҶҶ роҳ ёфт!

Мунтахаби Аргентина дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бар тими Полша пирӯз шуд.

Қисми аввал бидуни гол анҷом ёфт. Аргентинахо аз аввали бозй вазъияти майдонро зери назорат гирифтанд.

Муҳимтарин лаҳза бо Месси буд. Пешвои аргентиниҳо  имкон пайдо кард, ки пеналтӣ анҷом диҳад. Аммо зарбаи ӯро  Шесний баргардонид.

Дар идомаи дидор  дарҳол пас аз танаффус, Макаллистер ҳисобро боз кард. Алварес дар дақиқаи 67-ум бо голи ба самар расонидааш бартарии мунтахаби  Аргентинаро дучанд кард.

Дар охири вохӯрӣ полшаҳо  ба ҳимояи ҳисоб шурӯъ карданд, ки барои баромадан ба плей-офф мувофиқ буд. Кивер хато кард, аммо Лаутаро Мартинес натавонист аз он самаранок истифода барад.

Ҳамин тавр, Аргентина 6 имтиёз ба даст оварда, ғолиби гурӯҳи “С”  шуд. Полша ва Мексика ҳар кадом 4-имтиёзӣ ба даст овардаанд, аммо дар аввали  тафовути тӯбҳо беҳтарин аст. Арабистони Саудӣ бо се имтиёз дар зинаи чаҳорум маскан гирифт.

Ҷоми Ҷаҳон | Гурӯҳи “С” |Даври 3

Полша – Аргентина 0:2

Голҳо: Макаллистер, 46, Алварес, 67

Полша: Шенсни, Кэш, Глик, Кивер, Берешински (Енҷейчик, 72), Зелински, Франковски (Камински, 46), Криховяк (Пентек, 83), Белик (Шимански, 62), Левандовски, Свидерски (Скурас, 46).

Аргентина: Эм. Мартинес, Молина, Отаменди, Ромеро, Акуня (Таляфико, 59), Де Паул, Мак Аллистер (Алмада, 84), Фернандес (Песселя, 79), Ди Мария (Паредес, 59), Месси, Алварес (Лаут. Мартинес, 79).

Огоҳӣ гирифтанд: Криховяк – Акуня