Аргентина ба финали Ҷоми Амрико -2024 баромад
Бозии аввали марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Амрико-2024 миёни мунтахабҳои Аргентина ва Канада ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Метлайф”-и Ист-Рутерфорди ИМА дар ҳузури 80 162 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи тими милии Аргентина анҷом ёфт.
Дар дақиқаи 23-юми бозӣ ҳамлагар Хулиан Алварес аз ирсоли головари Родриго Де Паул истифода карда, ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 51-уми бозӣ капитани тими милии Аргентина Лионел Месси ҳисобро дуболо кард. Ирсоли головар ба номи Энтсо Фернандес ба қайд гирифта шуд.
Ин ғалабаи дуюми Аргентина муқобили Канада дар Ҷоми Амрико -2024 буд. Қаблан, дар марҳилаи гурӯҳи бо ҳамин ҳисоби 2 бар 0 Аргентина муқобили Канада зафар ёфта буд.
Ҳамин тавр, Аргентина ба финали Ҷоми Амрико -2024 баромад. Месси аввалин голашро дар мусобиқа Ҷоми Амрико -2024 ба самар расонид. Дар финал Аргентина бо ғолиби ҷуфти Уругвай ва Колумбия бозӣ мекунад.