Аргентина бидуни Месси аз Эквадор шикаст хӯрд
Тими миллии Аргентина дар бозии даври 18-уми интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 бо дастаи Эквадор бозӣ кард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Банко Пичинча”-и шаҳри Гуаякили Эквадор доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди тими мизбон хотима ёфт.
Голи ягонаро дар ин бозӣ ҳамлагари эквадорӣ Эннер Валенсия аз зарбаи пеналтӣ дар дақиқаи 45+13-ум ба самар расонид. Дар дақиқаи 31-уми бозӣ ҳимоятгари аргентинӣ Николас Отаменди корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 50-уми бозӣ бошад, нимҳимоятгари мунтахаби Эквадор Мойзес Кайседо баъди гирифтани корти дуюми зард аз майдон хориҷ карда шуд.
Ҳамлагари мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар ин рақобат иштирок надошт.
Бозии навбатии хешро мунтахаби Эквадор дар шакли дӯстона рӯзи 11-уми октябр бо ИМА анҷом медиҳад. Мунтахаби Аргентина низ дар чаҳорчӯби бозии дӯстона рӯзи 11-уми октябр бо Венесуэла вомехӯрад.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Аргентина дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар минтақаи КОНМЕБОЛ ҷои аввалро гирифт. Эквадор мусобиқаро дар чои дуюм ба охир расонида, ҳарду дастаҳо роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ро ба даст оварданд.