Аргентина бидуни Месси дар бозии интихобии ҶҶ-2026 пирӯз шуд

Аргентина бидуни Месси дар бозии интихобии  ҶҶ-2026 пирӯз шуд

Чанде пеш дар варзишгоҳи «Монументал Антонио Веспуччи Либерт»-и пойтахти Аргентина Буэнос Айрес бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 миёни мунтахаби Аргентина ва Чили баргузор шуд.Қаҳрамони феълии Ҷаҳон — Аргентина бо ҳисоби 3:0 дар ин рақобат ғалаба кард.

Дар дақиқаи 48-ум голи аввалини вохӯриро нимҳимоятгар Алексис Мак Алистер аз паси ҳамдастааш Хулиан Алварес ба самар расонд. Дар дақиқаи 84-ум Алварес бо паси нимҳимоятгар Ҷовани Ло Челсо ҳисобро дучанд кард. Дар дақиқаи 90+1 Пауло Дибала голи ниҳоиро ба ҳадаф расонд.

Сарвони мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар ин рақобат бинобар сабаби осеб доштанаш ҳузур надошт.