Аргентина бори дуюм пайиҳам ба финали Ҷоми ҷаҳон баромад

Аргентина бори дуюм пайиҳам ба финали Ҷоми ҷаҳон баромад

Дар даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 мунтахабҳои Англия ва Аргентина андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Мерседес-Бенс”-и шаҳри Атлантаи ИМА дар ҳузури 68 239 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи тими миллии Аргентина хотима ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 55-уми бозӣ аз ҷониби ҳамлагари мунтахаби Англия – Энтони Гордон боз гардид. Морган Роҷерс паси головарро анҷом дод. Дар дақиқаи 85-уми бозӣ аз паси головари Месси истифода намуда, Энтсо Фернандес бо зарбаи қавӣ ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиқаи 90+2-юми бозӣ аз паси головари навбатии Месси истифода намуда, Лаутаро Мартинес бо сар тӯбро ба дарвозаи Англия фиристода, ғалабаи драмавии дастаашро таъмин кард. Лионел Месси беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.

Бо ин пирӯзӣ Аргентина бори дуюм пайиҳам ба финали Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт. Дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 низ аргентиниҳо ба бозии ниҳоӣ баромада, пас аз мусовии пурҳаяҷони 3:3 дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ (4:2) мунтахаби Фаронсаро шикаст дода буданд.

Акнун дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки 19 июл баргузор мешавад, мунтахаби Аргентина бо тими миллии Испания рӯбарӯ хоҳад шуд. Испаниҳо дар марҳилаи нимниҳоии дигар Фаронсаро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда буданд.

Ҳамин тавр, мухлисони футболро яке аз ҷолибтарин финалҳои солҳои охир интизор аст . Қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон, тими миллии Аргентина барои ҳифзи унвонаш мубориза мебарад, дар ҳоле ки Испания барои дуюмин бор дар таърихи худ барои қаҳрамони ҷаҳон шудан талош хоҳад кард.