Аргентина камбэк карда, роҳхати марҳилаи ¼-ниҳоиро соҳиб шуд

Аргентина камбэк карда, роҳхати марҳилаи ¼-ниҳоиро соҳиб шуд

Мунтахаби Аргентина дар бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар бозии сахту сангин бар тими Миср бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, роҳхати даври чорякниҳоиро ба даст овард.

Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Мерседес-Бенс Стэдиум”-и шаҳри Атлантаи ИМА баргузор шуда, онро довари фаронсавӣ Франсуа Летексйе идора кард.

Ҳисобро дар дақиқаи 15-ум ҳимоятгари Миср Яссер Иброҳим боз кард. Дар дақиқаи 21-ум Аргентина имкони баробар кардани ҳисобро дошт, аммо Лионел Месси пеналтиро, ки пас аз қоидавайронкунӣ нисбат ба Николас Таляфико таъин шуда буд, ба гол табдил дода натавонист.

Дар нимаи дуюм Миср бори дигар тӯбро вориди дарвоза кард, аммо голи Мустафо Зико пас аз истифодаи низоми VAR бинобар қоидавайронкунӣ бекор карда шуд. Бо вуҷуди ин, Зико дар дақиқаи 67-ум боз як голи қонунӣ зад ва бартарии тими африқоиро то 2:0 расонд.

Аргентина дар дақиқаҳои охир рӯҳияи ҷангиро нишон дод. Аввал Кристиан Ромеро дар дақиқаи 79-ум як голро ҷавоб дод. Баъдан Лионел Месси дар дақиқаи 84-ум ҳисобро баробар кард. Ниҳоят, дар дақиқаи 90+3 нимҳимоятгар Энсо Фернандес голи пирӯзиро ба самар расонда, Аргентинаро бо ҳисоби 3:2 ба даври чорякниҳоӣ бурд.

Бо ин пирӯзӣ, қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва акнун бо мунтахаби Швейтсария барои роҳхат ба марҳилаи нимниҳоӣ рақобат хоҳад кард.