Аргентина пас аз 32 сол Ҷоми Ҷаҳонро бо бохт оғоз кард

Аргентина пас аз 32 сол Ҷоми Ҷаҳонро бо бохт оғоз кард

Мунтахаби Аргентина дар нахустин бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар аз тими Арабистони Саудӣ (1:2) шикаст хӯрд ва дар оғози мусобиқот бо шикасти 6-умин дар таърих рӯбарӯ шуд.

Бори охир,  Аргентина  соли 1990 дар вохӯрӣ бо тими миллии Камерун  (0:1) дар шаҳри Милан зери роҳнамоии Валерий Непомниачтчи мағлуб   шуда буд.  

Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ ягона голи Аргентинаро – Лионел Месси аз зарбаи 11 метра ба самар расонид. Бо ин гол Месси тавонист, ки дар чаҳор Ҷоми Ҷаҳон (2006, 2014, 2018, 2022)  ба задани гол даст ёбад.