Аргентиниҳо наҷотдиҳандаи “ПСЖ”

Аргентиниҳо наҷотдиҳандаи “ПСЖ”

Бошгоҳи “ПСЖ” дар рақобатҳои даври 13-уми Чемпионати Фаронса ба меҳмонии тими “Брест” сафар кард. Бозии тимҳо дар шаҳри Брест баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди қаҳрамони феълии Фаронса хотима ёфт. Дар ин бозии сахту сангин голҳои ғолибонро футболбозони аргентинӣ - Анхел Ди Мария ва Мауро Икарди марбути номи хеш намуда, пирӯзии парижиҳоро таъмин сохтанд. Ягона тӯби мизбононро Самуэл Грандсир муаллифӣ кард. Баъди ин дидор “ПСЖ” бо касби 30 хол пешсафи ҷадвали Лигаи якум ба ҳисоб меравад.

Чемпионати Фаронса. 

Лига 1. Даври 13-ум

«Брест» (Брест) — «ПСЖ» (Париж) — 1:2 (0:1)

Голҳо: Грандсир, 72. — Ди Мария, 40. Икарди, 85.