Ҳарифи навбатии Непомняший маълум шуд

Ҳарифи навбатии Непомняший маълум шуд

Пас аз анҷоми ҳамаи бозиҳои Сабқати номзадҳо-2022 оиди шоҳмот маълум шуд, ки дар сурати даст кашидани Магнус Карлсен аз бозии қаҳрамонӣ Непомняший чун ғолиби сабқати Мадрид бо кадом шоҳмотбоз рақобат мекунад.

Ҳарифи эҳтимолии шоҳмотбози рус ҷойгузини зинаи дуюми Сабқати номзадҳо буда, баҳри ин мақом ду бозигар – Хикару Накамураи амрикоӣ ва Дин Лижэни чиноӣ мубориза мебурданд. Маҳ ҳамин бозигарон дар доираи даври 14-ум муқобили ҳамдигар бозӣ намуда, пирӯзӣ насиби Лижэн шуд. Баъди 14 давр дар ҳисоби шоҳмотбози чиноӣ 8 хол шуда, Накамура – 7,5 хол касб кардааст.

Ҳамин тариқ, агар қаҳрамони феълии ҷаҳон аз иштирок дар бозии чемпионӣ бо Непомняший даст кашад, айнан худи Дин Лижэн баҳри тоҷи шоҳмот бо намояндаи Россия бозӣ мекунад. Карлсен бошад дар мавриди қарори худ на дертар аз 20-уми июл эълон мекунад.

Сарчашма: " Чемпионат"