Ҳарифи навбатии “Реал” дар ЛЧ дастаҳои “Ман Сити” ё “Спортинг” хоҳанд буд...
Бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳо миёни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Бенфика” ба анҷом расид. Дар ин вохӯрӣ бошгоҳи “шоҳона” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дар бозии аввал низ мадридиҳо бо ҳисоби 1:0 дастболо гардида буданд. Дидор дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” дар шаҳри Мадрид баргузор шуд. Довари асосии бозӣ Славко Винчич аз Словения буд.
Дар дақиқаи 14-ум Рафаэл Силва ҳисобро боз карда, меҳмононро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 16-ум Орелйен Тчуамени голи ҷавобиро ба самар расонд. Дар дақиқаи 32-юм Арда Гюлер барои “Реал” гол зад, аммо он бинобар ҳолати офсайд бекор карда шуд. Дар дақиқаи 80-ум Винисиус Ҷуниор голи дуюми дастаи “Реал Мадрид”-ро ба самар расонд.
Пас аз марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо дастаи “Бенфика” 9 имтиёз гирифта, дар ҷойи 24-ум қарор гирифт. Дастаи “Реал Мадрид” бо 15 имтиёз дар зинаи 9-ум ҷойгир шуд. Дар даври 1/8 ниҳоӣ “Реал” бо “Манчестер Сити” ё “Спортинг” бозӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки финали мусобиқаи имсола дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена” дар шаҳри Будапешт рӯзи 30 майи соли 2026 доир мегардад.