Ҳарифон дигар аз “Олд Траффорд” наметарсанд

Ҳарифон дигар аз “Олд Траффорд” наметарсанд

“Манчестер Юнайтед” дар даври 24-уми Премйер-лигаи Англия бо “Бёрнли” рақобат кард. Дидор дар майдони “Олд Траффорд” баргузор шуда, бо ҳисоби 0:2 ба фоидаи меҳмонон ба анҷом расид.

Голҳои “Бёрнли-ро Крис Вуд ва Ҷей Родригес ба самар расониданд.

Бояд гуфт, ки аз нигоҳи майдондорӣ “МЮ” аз рақибаш бартарӣ дошт ва дар умум 24 зарба зад, ки 7-тои он мустақим буд. “Бёрнли” бошад дар навбати худ 5 зарба зад, ки аз онҳо 2-тояшон мустақим буданд ва бо гол анҷомиданд.

“Манчестер Юнайтед” дар 4 бозии охир дар чемпионати Англия ба 3-юм бохти худ рӯ ба рӯ шуд. Шогирдони Сулшер айни ҳол дар мақоми 5-уми ҷадвал мебошанд.