Ҳарифони ҷудочиёни тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ маълум шуданд

Ҳарифони ҷудочиёни тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ маълум шуданд

Аз 23-юми июл то 8-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Токиои Ҷопон Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад, ки дар он Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад.

Миёни онҳо чаҳор ҷудочӣ низ қарор доранд: Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг).

Имрӯз зимни қуръакашӣ рақибони ҷудокорони мо маълум шуданд:

26 Июл, Душанбе | Шуруъ аз соати 07:00

-73КГ | Даври 1 | Сомон МАҲМАДБЕКОВ vs Аҳмад АЛИКАЙ (Дастаи мунтахаби гурезаҳо)

27 Июл, Сешанбе | Шуруъ аз соати 07:00

-81КГ | Даври 1 | Акмал МУРОДОВ vs Ҷоштер ЭНДРЮ (Гуам)

28 Июл, Чоршанбе | Шуруъ аз соати 07:00

-90 KG | Даври 2 | Комроншоҳ УСТОПИРИЁН vs Алекс КЛЕРГЕТ (Фаронса)

30 Июл, Ҷумъа | Шуруъ аз соати 07:00

+100 KG | Даври 1 | Темур РАҲИМОВ vs Энди ГРАНДА (Куба)

Рақобатҳо дар риштаи ҷудо шуруъ аз 24-ум то 30-юми июл сурат мегиранд.

Манбаъ: https://judo.tj/