Арина Соболенко ба даври сеюми мусобиқаи Синсиннати роҳ ёфт

Арина Соболенко ба даври сеюми мусобиқаи Синсиннати роҳ ёфт

Теннисбози белорус Арина Соболенко ба даври ҳаштякниҳоии мусобиқаи силсилаи “Мастерс” дар Синсиннатии ИМА баромад. Соболенко дар даври дуюм бар Анн Лии америкоӣ бо ҳисоби 7:5, 2:6, 6:4 ғалаба кард.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 2 соату 3 дақиқа буд. Дар даври сеюм Соболенко бо намояндаи Русия - Даря Касаткина бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Синсиннати аз 14 то 20 август идома мекунад. Маблағи умумии ҷоизаҳо дар сабқати яккасаи занон 2,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолиби феълии ин мусобиқа Каролайн Гарсиа мебошад, ки соли гузашта дар финал бар Петра Квитова пирӯз шуда буд.