Арина Соболенко ба финали мусобиқаи WTA-1000 дар Рим баромад

Ракеткаи дуюми ҷаҳон теннисбози белорус Арина Соболенко дар мусобиқаи WTA-1000 дар Рими Италия ба финал баромад. Арина дар даври нимниҳоии мусобиқа дар ду сет бо ҳисоби 7:5, 6:2 бар ракеткаи 15-уми ҷаҳон Даниэл Коллинз зафар ёфт.
Теннисбозон рӯи корт 1 соату 24 дақиқа рақобат карданд, ки дар натиҷа теннисбози белорус дастболо гардид. Ҳоло ҳисоб дар вохӯриҳои инфиродӣ 6:0 ба фоидаи теннисбози белорус мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи категорияи WTA-1000 дар Рими Италия Арина Соболенко бо ракеткаи якуми ҷаҳон Ига Швентек нерӯсанҷӣ мекунад.