Арина Соболенко бо мағлуб кардани Элисе Мертенс ба даври ¼-ниҳоии Уимблдон-2025 баромад

Арина Соболенко бо мағлуб кардани Элисе Мертенс ба даври ¼-ниҳоии Уимблдон-2025 баромад

Қаҳрамони секаратаи мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” ва теннисбози рақами яки ҷаҳон Арина Соболенко аз Беларус ба марҳилаи чаҳорякниҳоии мусобиқаи Уимблдони - 2025 роҳ ёфт.

Барои роҳ ёфтан ба даври чаҳорякниҳоӣ Соболенко бо намояндаи Белгия Элисе Мертенс бозӣ кард. Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 34 дақиқа идома ёфта, бо ҳисоби 6:4, 7:6 (7:4) ба фоидаи Соболенко анҷом ёфт.

Ҳамакнун, барои роҳ ёфтан ба даври нимниҳоӣ Арина Соболенко бо теннисбози олмонӣ Лаура Зигемунд рақобат мекунад.

Мусобиқаи Уимблдон аз 30-юми июн то 13 –уми июл доир мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои ин мусобиқа 53,5 миллион фунт стерлингро ташкил медиҳад.