Арина Соболенко бо мушкили ба даври сеюми мусобиқаи WTA-1000 дар Чин роҳ ёфт

Арина Соболенко бо мушкили ба даври сеюми мусобиқаи  WTA-1000 дар Чин роҳ ёфт

Дар бозии даври дуюми мусобиқаи WTA-1000 дар шаҳри Пекини Чин ракеткаи якуми ҷаҳон Арина Соболенко бар намояндаи Бритонияи Кабир, ракеткаи 56-уми ҷаҳон - Кэти Боултер зафар ёфта, бо мушкили ба даври сеюм баромад.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 2 соату 33 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 7:5, 7:6 (7:2) ба фоидаи теннисбози белорус анҷом ёфт.

Ҳамакнун, дар даври сеюм Соболенко бо ракеткаи 36-уми ҷаҳон, теннисбози итолиёвӣ - Ясмин Паолини қувваозмоӣ мекунад. Мусобиқаи WTA-1000 дар Чин байни занон то 8 –уми октябр идома хоҳад кард.