Арина Соболенко бори аввал ғолиби мусобиқаи WTA 1000 дар Индиан-Уэллс шуд

Арина Соболенко бори аввал ғолиби мусобиқаи WTA 1000 дар Индиан-Уэллс шуд

Теннисбози беларус Арина Соболенко бори аввал дар фаъолияти худ ғолиби мусобиқаи WTA 1000 дар Индиан-Уэллс гардид.

Дар финали мусобиқа, ки дар ИМА баргузор шуд, ӯ намояндаи Қазоқистон Елена Рибакинаро шикаст дод.

Вохӯрӣ бо ҳисоби 3:6, 6:3, 7:6 (8:6) ба анҷом расид. Давомнокии бозӣ 2 соату 31 дақиқа буд.

Соболенко бори аввал дар фаъолияти худ ғолиби ин мусобиқа шуд. Қобили зикр аст, ки соли 2023 низ ин ду теннисбоз дар финал бо ҳам рақобат карда буданд ва он вақт Елена Рибакина ба пирӯзӣ расида буд.

ATP Masters. BNP Paribas Open. Индиан-Уэллс (ИМА).

Фонди ҷоизавӣ беш аз 9,4 миллион доллар

Финал

Арина Соболенко (Белорусс, 11) — Елена Рибакина (Қазоқистон, 3) — 3:6, 6:3, 7:6 (7:6)