Арина Соболенко дар US Open дастоварди Серена Уилямсро такрор кард
Ракеткаи дуюми ҷаҳон, теннисбози белорус Арина Соболенко дар мусобиқаи US Open - 2023 ба дастоварди беназир ноил гардид. Қаблан Арина бар ракеткаи 23-юми ҷаҳон аз Чин - Чжэн Тсинвэн бо ҳисоби 6:1, 6:4 пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфта буд.
Ҳамин тавр, Соболенко дар як мавсим дар ҳамаи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” ба марҳилаи нимфинал баромад. Натоиҷи мушобеҳро дар миёни занон бори охир қаҳрамони 23-каратаи асосӣ, собиқ рақами яки ҷаҳон, афсонавии амрикоӣ Серена Уилямс ба даст оварда буд. Ин соли 2016 рӯй дода буд.
Пас аз анҷоми мусобиқаи US Open 2023, Соболенко аввалин ракеткаи ҷаҳон хоҳад шуд.
Дар даври ниманиҳоӣ Арина Соболенко бо теннисбози амрикоӣ Мэдисон Кис бозӣ мекунад.
Мусобиқаи US Open аз 28 –уми август то 10 –уми сентябр давом мекунад. Маблағи умумии ҷоиза дар сабқати яккасаи занон 65 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолиби феълии ин мусобиқот ракеткаи якуми ҷаҳон намояндаи Лаҳистон - Ига Свёнтек мебошад, ки соли гузашта, дар бозии ниҳоӣ бар Онс Ҷабер аз Тунис пирӯз шуда буд.