Ҷароҳати Мане то ҳанӯз шифо наёфтааст

Ҷароҳати Мане то ҳанӯз шифо наёфтааст

Ба гуфтаи рӯзноманигор Дани  Хил, ҳамлагари "Бавария" Садио Мане дар бозии аввали даста бар зидди ПСЖ дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳо  иштирок намекунад.

Ба иттилои манбаъ, сенегалии 30-сола барои барқарор кардани ҷароҳаташ вақти кофӣ  нахоҳад дошт. Ҳарчанд бошгоҳи Мюнхен саъй дорад, ки муолиҷаи ин бозигарро суръат бахшад, аммо ширкати ӯ дар бозии аввал бо ПСЖ тақрибан аз имкон берун аст.

Ёдовар мешавем, ки Мане 8 –уми ноябри соли 2022 дар бозии даври 14-уми Бундеслига бар зидди “Вердер Бремен” (6:1) маҷрӯҳ шуд ва аз он замон ба майдон наомадааст. Бо ин ҷароҳат Мане натавонист, ки дар Ҷоми Ҷаҳон дар ҳайати мунтахаби Сенегал ҳам,  ширкат варзад.  

Бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳо миёни дастаҳои  ПСЖ ва “Бавария” рӯзи  14-уми  феврал дар Париж баргузор мешавад. Бозии ҷавобӣ бошад, рӯзи  8-уми  март дар Мюнхен доир мегардад.