Қарори Муҳаммад Салоҳ нисбати рафтан аз "Ливерпул" маълум шуд
Ҳамлавари мисрии тими «Ливерпул» Муҳаммад Салоҳ нияти рафтан ба тими дигарро надорад, иттилоъ медиҳад Football Insider дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Салоҳ дар сафи «Ливерпул» аз соли 2017 баромад намуда, қарордоди феълии ӯ бо бошгоҳ то охири мавсими ‑2024/25 мӯҳлат дорад.
Хабар дода мешавад, ки тимҳои саудӣ нисбати Салоҳ мароқ зоҳир намудаанд, вале африқоӣ нияти рафтан аз «Ливерпул»-ро надорад ва омодаи имзокунии шартномаи нав бо «сурхҳо» мебошад.
Варианти қобили қабул барои Салоҳи 31‑сола чемпионати англисӣ буда, ҳамлавар мехоҳад дар Лигаи чемпионҳо баромад кунад.