Қарори ниҳоии «Барселона» дар бораи Коутиню

Қарори ниҳоии «Барселона» дар бораи Коутиню

Ниммуҳофизатгари бразилии дастаи «Барселона» - Филиппе Коутиню, ки ҳоло ба таври иҷора дар ҳайати “Бавария” фаъолият мекунад, эҳтимолан корномаи варзишиашро дар дастаи “Арсенал”-и Лондон идома диҳад. Коутиню шояд мавсими 2020/2021-ро ба таври иҷора дар ҳайати “тӯфангдорон” сипарӣ намояд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Барселона” барои Филиппе 80 млн евро талаб дорад, вале тибқи хабаргузории ВАО то ҳол “нилунориҳо” аз ҷониби ягон даста пешниҳод расмӣ қабул накардаанд. Ёдовар мешавем, ки Филиппе аз соли 2013 то соли 2018 шарафи бошгоҳи “Ливерпул”-ро ҳимоя мекард. Дар мавсими 2019/2020 Коутиню 34 бор вориди майдон шуда, ба задани 9 тӯб ва 8 партофти натиҷаовар даст ёфтааст.