Ҳарри Кейн ба даҳгонаи беҳтарин нишонзанҳои ЛЧ ворид шуд
Ҳамлагари бошгоҳи “Бавария” Ҳарри Кейн дар бозии аввали марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи чемпионҳои УЕФА муқобили “Реал Мадрид” гол зад. Бозии дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди “Бавария” хотима ёфт.
Бо ин гол, шумораи умумии голҳои Кейн дар Лигаи чемпионҳо ба 51 расид, ки дар 67 бозӣ ба ин нишондод ноил шудааст. Ҳамин тавр, ӯ аз Муҳаммад Салоҳ ва Тйерри Анри, ки ҳарду 50-голӣ доранд, пеш гузашта, ба зинаи 10-уми рӯйхати беҳтарин нишонзанони мусобиқа баромад.
Дар мавсими ҷорӣ футболбози 32-сола дар ҳамаи мусобиқаҳо 41 бозӣ анҷом дода, 49 гол ва 5 партофти головар ба номи худ сабт кардааст.
Натиҷаҳои баланди Кейн бори дигар нақши калидии ӯро дар муваффақиятҳои “Бавария” нишон медиҳанд.