Ҳарри Кейн рекорди Уэйн Руниро дар мунтахаби Англия нав кард

Ҳарри Кейн рекорди Уэйн Руниро дар  мунтахаби Англия нав кард

Ҳамлагари мунтахаби Англия Ҳарри Кейн дар бозии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 муқобили Аргентина 121-умин бозии худро дар ҳайати тими миллӣ анҷом дод ва ба яке аз рекорддорони футболи Англия табдил ёфт.

Бо ин нишондиҳанда, Кейн ба мақоми дуюм дар феҳристи бозигароне баромад, ки бештар аз ҳама дар ҳайати мунтахаби Англия ба майдон баромадаанд. Пешсафи ин рӯйхат то ҳол дарвозабони афсонавӣ Питер Шилтон мебошад, ки дар ҳайати тими мунтахаби Англия 125 бозӣ анҷом додааст. Ҳарри Кейн дар ин феҳрист Уэйн Руниро паси сар гузошт.

Ҳарри Кейн солҳо боз яке аз чеҳраҳои асосии мунтахаби Англия буда, бо голҳо ва бозии таъсиргузораш нақши калидӣ дар муваффақиятҳои даста дорад. Акнун ӯ танҳо чор бозӣ аз рекорди таърихии Питер Шилтон ақиб мемонад.

Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби Англия дар бозии марҳилаи нимниҳоӣ аз Аргентина бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб шуд ва барои ҷойи сеюм бо яккачини Фаронса бозӣ мекунад.