«Арсенал» ба як тир ду нишон зад

«Арсенал» ба як тир ду нишон зад

Дар бозии финали Ҷоми Англия дастаи «Арсенал» бар тими «Челси» ғолиб омад. Вохӯрии дастаҳо дар майдони муҳташами «Уэмбли» сурат гирифта, бо натиҷаи 2:1 ба суди “тӯфангдорон” хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 5-уми бозӣ ҳамлавари амрикоии “ашрофзодаҳо” Кристиан Пулишич дарвозаи «Арсенал»-ро рахна кард. Дар идомаи рақобат форварди габонии «Арсенал» Пйер-Эмерик Обамеянг дарвозаи рақибро ду маротиба ба нишон гирифта, ҳисобро 2:1 кард. Ҳамин тавр дастаи «Арсенал» ҳам Ҷоми Англияро ба даст овард ва ҳам роҳхати бозиҳои Лигаи Аврупоро. Дар умум “тӯфангдорон” маротибаи 14-ум ин ҷоизаро болои сар бардоштанд. Даста қаблан дар солҳои 1929/1930, 1935/1936, 1949/1950, 1970/1971, 1978/1979, 1992/1993, 1997/1998, 2001/2002, 2002/2003, 2004/2005, 2013/2014, 2014/2015 ва 2016/2017 ин ҷомро ба даст оварда буд.