“Арсенал” бо ғалабаи бузург мавсими нави ЛЧ-ро оғоз кард

Бозии даври 1-уми гурӯҳи «В»-и Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои «Арсенал»-и Англия ва «ПСВ» -и Нидерланд ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Эмирайтс»-и шаҳри Лондон дар ҳузури 58 860 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 ба суди дастпарварони Микаел Артета анҷом ёфт. Бозиро ҳайати доварон бо роҳбарии Феликс Тсвайери олмонӣ идора карданд.
Голҳоро аз ҳайати дастаи “Арсенал” – Букайо Сака, Леандро Троссард, Габриэл Жесус ва Мартин Эдегор ба самар расониданд.
Дар гурӯҳи “В” ба ҷуз аз «Арсенал» ва «ПСВ», «Ланс» ва «Севиля» бозӣ мекунанд. Дар бозии дигари гурӯҳ дар варзишгоҳи “Рамон Санчес Писхуан” дар ҳузури 33 544 нафар мухлис дастаҳои “Севиля” ва “Ланс” бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ анҷом ёфт. Аввали моҳи октябр «Ланс» бо «Арсенал» ва «ПСВ» бо «Севиля» вомехӯранд.