“Арсенал” бо голҳои Мартинелли ва Троссард “Атлетик”-ро ноком кард
Бозии даври 1-уми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳои мавсими 2025/2026 байни дастаҳои “Атлетик”-и Билбао ва “Арсенал” баргузор шуд. Дидор дар варзишгоҳи “Сан-Мамес”-и Билбаои Испания доир гашт. Довари асосии бозӣ Донатас Румшас аз Литва буд. Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи дастаи шаҳри Лондон анҷом ёфт.
Дар дақиқаи 72-юм ҳамлагари меҳмонон Габриэл Мартинелли ҳисобро боз кард. Ӯ дар дақиқаи 71-уми дидор ба майдон ворид шуда буд. Дар дақиқаи 87-ум вингер Леандро Троссард афзалияти меҳмононро мустаҳкам намуд.
Дар даври оянда дастаи “Арсенал” рӯзи 1-уми октябр бо “Олимпиакос” рӯбарӯ мешавад, дар ҳоле ки “Атлетик” низ ҳамон рӯз бо “Боруссия”-и Дортмунд бозӣ мекунад.
Финали ин мавсими Лигаи чемпионҳо дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена” дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мегардад. Бозии ҳалкунандаи мусобиқа рӯзи 30-уми майи соли 2026 баргузор мешавад.