“Арсенал” бо голи Ҳавертс “Бёрнли”-ро шикаст дод
Бозии даври 37-уми Премйер-лигаи Англия миёни дастаҳои “Арсенал” ва “Бёрнли” ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Эмирейтс”-и шаҳри Лондон баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи “тӯпчиён” хотима ёфт.
Ягона голи бозиро нимҳимоятгари олмонӣ Кай Ҳавертс дар дақиқаи 37-ум ба самар расонд ва ба дастааш се имтиёзи муҳим овард. Букайо Сака паси головарро анҷом дод.
Пас аз ин пирӯзӣ “Арсенал” бо 82 имтиёз дар садри ҷадвали чемпионати Англия қарор дорад. Бартарии дастаи Микел Артета аз “Манчестер Сити” панҷ имтиёзро ташкил медиҳад, аммо “шаҳриҳо” ҳанӯз як бозии захиравӣ доранд.
Дастаи “Бёрнли” бошад, бо 21 имтиёз дар зинаи 19-уми ҷадвал қарор дошта, пеш аз муҳлат тарки Премйер-лигаро кардааст.