“Арсенал” бо гузашти 22 сол бори дигар ба дарвозаи “Манчестер Сити” панҷ гол зад

Бозии даври 24-уми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои “Арсенал” ва “Манчестер Сити” ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Эмирейтс”-и шаҳри Лондон баргузор шуд. Питер Бэнкс ба сифати довари асосии вохӯрӣ баромад кард. Соҳибони майдон бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 ғалаба карданд.
Дар дақиқаи 2-юми бозӣ нимҳимоятгари дастаи “Арсенал” Мартин Эдегор ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 55-ум ҳамлагари «Манчестер Сити» Эрлинг Ҳоланд ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 57-ум нимҳимоятгари марказии “Арсенал” Томас Парти “тӯпончиён”-ро дар ҳисоб ба пеш баровард.
Дар дақиқаи 63-юм ҳимоятгари дастаи “Арсенал” Майлз Люис-Скелли ба дарвозаи меҳмонон голи сеюмро зад. Дар дақиқаи 76-ум ҳуҷумкунанда Кай Хавертс ҳисобро ба 4:1 расонид. Дар дақиқаи 90+3 Итан Нванерии 17-сола ба дарвозаи “Манчестер Сити” голи панҷуми бозиро зад.
Қобили зикр аст, ки “Арсенал” бори аввал аз соли 2003-юм дар як бозӣ ба дарвозаи “Манчестер Сити” панҷ гол зад. Он вақт дастаи шаҳри Лондон бо ҳисоби 5:0 дар варзишгоҳи кӯҳнаи ҳамонвақтаи "Ҳайбери" тими “Манчестер Сити”-ро мағлуб карда буд.
Ёдовар мешавем, ки “Арсенал” бо 50 имтиёз ҳоло дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа аст. “Манчестер Сити” 41 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи чорум аст. “Ливерпул” бо 56 имтиёз дар зинаи авввал аст.
ТВ "Варзиш"